Душанбе, Кӯлоб, Гулистон, Хоруғ ва Тоҷикобод аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин шаҳр (ноҳияи) варзишӣ дар соли 2021» ғолиб дониста шуданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 1 март дар Кохи «Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи варзиши мамлакат дар соли 2021 баргузор шуд. Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин шаҳр (ноҳияи) варзишӣ дар соли 2021» шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Гулистон, Хоруғ ва ноҳияи Тоҷикобод бо дарназардошти таваҷҷуҳи хосаашон ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ғолиб дониста шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбии тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Тавре дар мақомоти мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар зарфи 5 соли охир дар пойтахт — шаҳри Душанбе 262 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакона бунёд карда шуд, ки имрӯз сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавонону наврасон аз онҳо босамар истифода бурда истодаанд. Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 9 ҳазор медал гардидаанд.
Айни замон дар пойтахт бунёди як қатор иншооти муосири варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳи бузург бо 30 ҳазор ҷойи нишаст ва 135 майдончаи варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна бомаром идома дорад.
Хотиррасон мешавем, ки 21 июли соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ марвиди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3000 ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 адад воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2500 ҷойи нишаст, буда, ҳамчунин дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои 1000 ҷойи нишаст мебошад, иборат мебошад. Инчунин маҷмаа дорои толорҳои намудҳои гуногуни варзиш буда, дар он каҳвахона, толори нишастҳои матбуотӣ, утоқҳои барқароркунии саломатӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва дигар шароитҳои созгор фароҳам оварда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 28 феврали соли 2022 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалисозии «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» тасдиқ гардид. Барномаи мазкур баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, намудҳои гуногуни варзиш ва таъсиси шароити варзишӣ таҳия гардида, идомаи мантиқии «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» мебошад.
Мавриди зикр аст, ки айзи замон инфрасохторҳои варзишӣ дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, шумораи онҳо ба 10 218 адад расидааст.
Аксҳо аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ











Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






