Душанбе ва Боку муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуданд
ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари расмӣ дар Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сарвари мақомоти иҷроияи шаҳри Боку муҳтарам Элдар Азизов мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот доираи васеи масоили ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳошияи равобити дӯстонаи ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар оғози суҳбат Рустами Эмомалӣ сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарони олии ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиевро дар тавсеаву тақвияти тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстонаи тарафайн таъкид карданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории гуногунҷанбаи шаҳрҳои Душанбе ва Боку, тақвияти корҳо дар самти фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди фаъолияти тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ, инчунин дар мубодилаи таҷриба дар байни субъектҳои хоҷагидории шаҳрҳо ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Дар фарҷоми музокирот Рустами Эмомалӣ ва Элдар Азизов Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбе ва шаҳри Боку ба имзо расониданд.
АКС: АМИТ «Ховар»/Тоҳир САИД










Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд






