«ДУШАНБЕИ АФСОНАВӢ». Тавассути ин хатсайр хонандагон аз мавзеъҳои ҷолиби пойтахт боздид намуданд

Март 7, 2022 10:36

ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо оғози фасли баҳор, ки мавсими сайру саёҳат аст, ширкати  сайёҳии «Шумон тур» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав барои як гурӯҳ муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳринав сайёҳати таърихию фарҳангӣ тавассути хатсайри «Душанбеи афсонавӣ» роҳандозӣ намуданд.

Ҳадафи роҳандозии ин хастсайрро масъулин муаррифии ҳарчи бештари мавзеъҳои таърихию бостонӣ ва фарҳангию фароғатии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе унвон намуданд. Тавассути хатсайри мазкур  хонандагон аз таъриху ташаккули давлатдории тоҷикон, бахусус дирӯзу имрӯзи шаҳри Душанбе огоҳӣ пайдо намуданд.

Хонандагон аз мавзеъҳои ҷолиби таваҷҷуҳи пойтахт Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, боғҳои Нишон, Парчам, Ҷавонон, ҳайвонот ва Осорхонаи миллӣ, боздид намуда, бо таърихи гузашта ва муосири миллати тоҷик ва рушду пешрафти чашмраси шаҳри Душанбе  шинос гардиданд.


Мавриди зикр аст, ки чунин силсиласафарҳо бо иқдоми ширкати сайёҳии «Шумон тур» дар фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  ба дигар гӯшаву канори кишвар идома меёбад. Роҳандозии иқдом боиси он мешавад, ки сайёҳии дохилӣ бештару беҳтар рушд ёбад ва имконияту зарфияти соҳа  муаррифӣ гарданд.

Ташкили хатсайри «Душанбеи афсонавӣ»  барои хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаву олии ҷумҳурӣ ташкил шуда, он дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва муаррифии зарфияти сайёҳии кишвар равона шудааст.

 

АКСҲО: Аз манбаъҳои боз ва ширкати «Шумон-тур»

Март 7, 2022 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд