Форуми III байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 21 март бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми III байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад.
Тавре дар шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Форуми мазкур бори сеюм аст, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Мақсади асосии он ташвиқу тарғиби арзишҳои созандаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имконияти сайёҳӣ, ҷалби сайёҳон, таҳкими муносибатҳои бародаршаҳрӣ, рушди имконоти соҳибкорию сармоягузорӣ ва муаррифии Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ ба шумор меравад.
Форум аз ду бахш (иҷлосия): «Наврӯз — мероси фарҳангию сайёҳӣ» ва «Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ» иборат мебошад.
Дар кори форум иштироки 400 нафар аз ҳисоби кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, бародаршаҳрҳо ва коршиносони соҳа дар назар аст.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






