ФУТБОЛ. Дар Душанбе Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 18-сола оғоз мешавад

Март 9, 2022 11:12

ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 15  март дар шаҳри  Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ- CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 18-сола баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи мазкур чаҳор дастаи мунтахаби духтарона аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Иззатулло Исҳоқов омода месозад. Дар доираи Чемпионати CAFA-2022 ҳамагӣ шаш бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурияви шаҳри  Душанбе барпо мегарданд.

Мусобиқаи мазкур аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир гардида, дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки дастаи мунтахаби занонаи то 18-солаи Тоҷикистон нахустин бозиашро 11  март ба муқобили дастаи мунтахаби занонаи то 18-солаи Қирғизистон баргузор мекунад.

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-18)

Иштироккунандагон: Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

11 март (ҷумъа)

14:00 – Узбекистон – Эрон

17:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

13 март (якшанбе)

14:00 – Қирғизистон – Узбекистон

17:00 – Эрон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

14:00 – Эрон – Қирғизистон

17:00 – Тоҷикистон – Узбекистон

                                                       

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 9, 2022 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд