Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар Душанбе ҷаласаи кумитаи тадорукот доир шуд

Март 15, 2022 11:29

ДУШАНБЕ, 15.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 25 то 29 март бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахустин маротиба Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон, бонувон ва шахсони имконияташон маҳдуди кишварҳои минтақаи Осиё баргузор карда мешавад, ки вобаста ба ин бо роҳбарии раиси кумитаи тадорукот, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин мусобиқа ҷаласаи ҳайати кумитаи тадорукот баргузор гардид.

Тавре аз шуъбаи иттилотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, мақсад аз баргузор намудани мусобиқаи мазкур- ин омода намудани варзишгарони муваффақ ва дарёфти чеҳраҳои нав барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии иштирокдорон, муаррифии фарҳангу тамаддун, имконияти сайёҳӣ ва оммавияту солимгардонӣ мебошад.

Роҳбари кумитаи тадорукот зикр намуд, ки ин навбат низ бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқа нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба тасвиб расида, тибқи он вазифаҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мусобика ба масъулин пешниҳод карда шудааст. Аз ин рӯ, аз масъулин талаб карда мешавад, ки нисбат ба он масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

 

АКСҲО: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 15, 2022 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад