ИҚДОМИ ШОИСТА. Муҳаммад ғалабаи худро ба модарон бахшид ва аввалин шоҳҷоизаи худро ба ятимон тӯҳфа кард
ДУШАНБЕ, 08.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Модар 26-уми феврали соли равон дар маҳаллаи Саидалӣ Вализодаи ноҳияи Темурмалик мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сарпарастии соҳибкорони ноҳия ташкил карда шуд, ки дар он варзишгарони номдори Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат намуданд, хабар медиҳад halva.tj.
Паҳлавонони майдонро дар фарҷоми гӯштин ду Шоҳҷоиза (автомобил) интизор буд. Инчунин бо талабу дархости мухлисон ба номи паҳлавонон Саидшоҳ (аз ноҳияи Восеъ) ва Муҳаммад (аз ноҳияи Темурмалик), ки дар майдони мазкур ҳарду ҳам 4-нафариро мағлуб намуда буданд, як шоҳҷоиза гузошта шуд. Натиҷаи мусобиқаи ин ду варзишгар бо ғолибияти Муҳаммад ҷамъбаст гардид. Сипас Муҳаммад бо садои баланд ба тамошогарон муроҷиат намуд ва гуфт:
«Мухлисони азиз, суханони шумо ва кафкӯбиҳоятон ба рӯҳияи ман таъсиргузор буд ва маҳз бо дастгириҳои шумо ман соҳиби ин Шоҳҷоиза гардидам. Аз ҳамаатон сипосгузорам! Зинда ва муваффақ бошед. Ман ин ғалабаи худро ба модарони азизамон мебахшам ва ин автомобилро ба Мактаб-интернати ятимони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик тӯҳфа мекунам!».
Бо шунидани ин суханон мавҷи кафкӯбию санохонии ҳозирин аз нав ба фазо печид: «Аҳсант!», «Офарин!», «Ҳалотат бод!».
Муҳаммад 19 сол дошта, ин шоҳҷоизаро дар майдони қуввасанҷӣ нахустин ва ин ғолибияташро дар ҳаёти худ муҳимтарин арзёбӣ намуд.
АКС: halva.tj










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






