Миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутски Русия Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 март миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутски Русия ба номи А.А. Ежевский барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи кишоварзӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.
Дар асоси Ёддошти мазкур, довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск ройгон таҳсил намуда, ҳамзамон аз имтиёзҳои гуногун, аз ҷумла, хобгоҳ ва идрорпулӣ бархурдор шаванд.
Ёддошти ҳамкорӣ бо иштироки Вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Усмон Маҳмадёрзода, ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Файзулло Амиршоев ва намояндагони Донишгоҳи давлатии аграрии Иркутск ба имзо расонида шуд.
АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






