МУБОРАК БОД! Муҳаммадризо Қувватов медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба курашро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми 11-умин Чемпионати Осиё оид ба кураш, ки 19-20 март дар Қасри теннис ва маҷмааи намудҳои варзиши обӣ ҷараён дошт, паҳлавони тоҷик Муҳаммадризо Қувватов (-60 кг) бо мағлуб намудани Абдулазиз Ҳамроев аз Узбекистон сазовори медали тилло гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТВ «Варзиш» хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба кураш варзишгарон аз 24 давлати Осиё иштирок дошта, дар рӯзи аввали мусобиқа варзишгари Тоҷикистон Дадахон Қурбоналиев (+100 кг) нишони тилло ба даст овард.
Ҳамчунин дар рӯзи дуюми мусобиқа се варзишгари дигари тоҷик Фазилат Гулбоева (57 кг) ва Субҳиддин Халилзода (-73 кг) дар ҷойи дуюм ва Абубакри Акобир (-100 кг) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Натиҷаҳои умумии рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба кураш Душанбе 2022
Бонувон
-48кг
- Диана Йеҳ (Тайпей)
- Моҳинур Мӯъминова (Узбекистон)
- Сранг Тин То (Ветнам)
- Малапрабҳа Чатҳав (Ҳиндустон)
-57кг
- Ибодатхон Агоҷонова (Узбекистон)
- Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон)
- Йу-Ҳсуан Чуанг (Тайпей)
- Саовалак Ҳомклин (Тайланд)
-63кг
- Оля Ҳамидова (Узбекистон)
- Садаф Ардашер (Эрон)
- Йу-Чинг Ченг (Тайпей)
- Бҳартӣ (Ҳиндустон)
-78кг
- Филура (Узбекистон)
- С. Алиакбар (Эрон)
- Чиа-Линг Лиу (Тайпей)
- Манприт (Ҳиндустон)
+78кг
- Фотима Бармакӣ (Эрон)
- Ти Танҳ Тран (Ветнам)
- Ситора Хусанова (Узбекистон)
- Ҷиттима Сирикарн (Тайланд)
Мардҳо
-60кг
- Муҳаммадризо Қувватов (Тоҷикистон)
- Абдулазиз Ҳамроев (Узбекистон)
- Хатансайхан Амарсанаа (Муғулистон)
- Баримонлу Алӣ Муҳаммадӣ (Эрон)
-73кг
- Илёс Сабзалӣ Покдил (Эрон)
- Субҳиддин Халилзод (Тоҷикистон)
- Муҳаммад Муҳаммад (Кувейт)
- Нгок Сон Ву (Ветнам)
-100кг
- Ҷавон Ҳайдар Алӣ Муродӣ (Эрон)
- Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)
- Абубакри Акобир (Тоҷикистон)
- Вишал (Ҳиндустон)
АКС: ТВ «Варзиш»








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






