Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 26.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз шаҳри Панҷакент боздид кард. Зимни сафар ӯро директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Холмурод, Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Панчакент бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил давоми сол тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.
Ҷиҳати бо оби полезӣ таьмин намудани наздик ба 200 гектар заминҳои кишоварзии мавзеи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ сохтмони пойгоҳи обкашӣ моҳи декабри соли 2021 оғоз ёфта, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда истодааст.
Дар замини обёришаванда аз ҷониби хоҷагиҳои инфиродии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ боғҳои гуногун бунёд гардида, ниҳолҳои чормағз, зардолу, себ ва токи ангури тоифӣ парвариш карда мешаванд.
Муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода аз рафти корҳои сохтмонии фермаи моли калони шохдори соҳибкор Масрур Савриев дидан намуд.
Фермаи мазкур барои парвариши 100 сар чорво ба нақша гирифта шуда, асосан барои парвариши чорвои гӯштӣ пешбинӣ гардидааст.
Сулаймон Зиёзода барои саривақт ва бо сифати аъло анҷом додани корҳо ва кабудизоркунии гирду атроф ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идомаи боздид муовини Сарвазир бо вазъи пойгоҳҳои обкашии «Дупула» ва «Ёрӣ 1» шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати саривақт таъмин намудани оби полезӣ ба хоҷагидорон дастур дод.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент










Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






