Намояндагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Konya Agriculture 2022» дар Туркия ширкат намуданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конияи Ҷумҳурии Туркия 8-12 уми март 18-умин Ярмаркаи байналмилалии соҳаи кишоварзӣ «Konya Agriculture 2022» баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва тоҷирони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Дар ин бора имрӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Туркия иттилоъ расонид.
Дар ин ярмарка даҳҳо ҳазор нафар намояндагон аз 116 давлат ва 76 шаҳру ноҳияҳои Туркия ширкат варзиданд. Дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 461 нафар намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ аз 20 давлати ҷаҳон навтарин маҳсулот ва техникаҳои худро дар соҳаи кишоварзӣ намоиш доданд.
Намоиш бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва хоҷагии Ҷумҳурии Туркия, Мавлоно – Агентии Рушд (Mevlana Kalkınma Ajansı), мудирияти вилоятии кишоварзӣ ва хоҷагии Кония, Иттиҳоди палатаҳои кишоварзии Туркия (TZOB), Иттиҳоди марказии кооперативҳои қарзии кишоварзӣ, Панкобирлик, Палатаи савдои Кония, Палатаи саноати Кония, Биржаи молии Кония оҳандозӣ гардид.
Илхан Эрсозлу, мудири кулли созмони ярмаркаи Туяп Кония ( TÜYAP ) зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин зикр намуд: «Муддати 2 сол аст, ки кишоварзон мунтазири баргузории ин намоиши бошукӯҳ буданд, зеро бо суръат паҳн гардидани COVİD-19 монеи ташкил кардани он гардида буд. Аз ин лиҳоз намоиши мазкур барои соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Туркия аҳамияти хосса дорад».
Бино ба суханони Илхан Эрсозлу, барои иштирок дар ин намоиш 3 ҳазору 600 нафар соҳибкорон аз Иттиҳоди Аврупо, Ховари Миёна, кишварҳои Халиҷи Форс, Осиёи Марказӣ ва Африқо сабти ном карданд.
Дар рафти ҳамоиш иштирокчиён ва намояндагон аз ширкатҳои байналмилалӣ бо намояндагони фирмаҳои Туркия дар шакли B2B мулоқотҳо анҷом доданд.
Бояд зикр намуд, ки сафари Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ба Кония дар моҳи декабри соли гузашта боиси густариши равобити тоҷирон ва ширкатҳои Тоҷикистон бо соҳибкорони Туркия гардид.
Манижа МАҚСУДОВА
хабарнигори АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз муаллиф










Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси UNCCD COP17 дар Улан-Батор иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оид ба спектри радиобасомадҳо иштирок намуд
Доир ба Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули он конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ баргузор гардид
Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид
То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд
Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд






