НАШУНИДАМ НАГӮЕД! Корвони идона ба сокинони шаҳри Душанбе навиди фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро мерасонад
ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март, соати 03:00 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир мегардад. Инчунин аз чор дарвозаи шаҳри Душанбе корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо рӯҳияи баланди саршор аз шукргузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон ба ин макон ворид шуда, ба сокинону меҳмонон навиди фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба ватани хеш омад!» мерасонанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён.
Ёдовар мешавем, ки тибқи ҷадвали астрономӣ, 20 март, соати 15:30 дақиқаи вақти ҷаҳонӣ Замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад.
Дар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳодиса 20 март, соати 20:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ меояд, ки дар ин лаҳзаҳо баробаршавии шабу рӯз ба амал омада, Наврӯз фаро мерасад.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир мегарданд. 21 март сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, 22 март сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, 23 март сокинони ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 24 март сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Боғи Куруши Кабир (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) оғози Соли нав — Наврӯзи дилафрӯзро ботантана таҷлил менамоянд. Дар ин рӯзҳо бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.
Тавре мушоҳида мешавад, шиору овезаҳои наврӯзӣ ва байту гуфтаҳои шоирону мутафаккирон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба ҳусни шаҳр намои тоза зам намудаанд. Аллакай пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе барои истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2022» ба таври идона ороста шуда, ба ин муносибат тамоми кӯчаю хиёбон, маҳаллаву шаҳрак ва ҳар хонадони Душанбешаҳр ҳамаҷониба омодагӣ гирифта истодаанд.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик тайи даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо баҳри пешравиҳо бештар инъикос гардида, таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ бар сардӣ мебошанд. Ҳамчунин дар ин тантанаҳои наврӯзӣ намоиши асарҳои рассомон, молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки таҷлили иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми ҷумҳурӣ ва пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукӯҳи идона, маҳфилҳои ҳунарӣ ва ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии мамлакат баргузор мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






