НАВРӮЗ-2022. Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба ин ҷашни байналмилалӣ оғоз ёфтанд
ДУШАНБЕ, 04.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз — 2022 тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1 марти соли равон ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
-Дар қарори мазкур омадааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ғоявию ташкилӣ ҷашн гирифтани Иди байналамилалии Наврӯз ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон, арзишҳои миллӣ, таҳкими ғояҳои худшиносиву худогоҳӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба ин муносибат барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва сайругашти идона доир мегарданд.
Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вазифадор намуданд, ки нақшаи чорабиниҳои мазкурро сари вақт ва босифат иҷро намуда, зимни баргузории барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва сайругашти идона риояи қоидаҳои беҳдоштро таъмин намоянд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






