ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 16 март боқӣ мемонад

Март 12, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 12.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки 12-16 март дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво боқӣ монда, бориш дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳӣ асосан дар намуди борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар намуди борон-барф ба амал меояд. Инчунин раъду барқ низ пешгӯӣ шуда, боридани жола аз эҳтимол дур нест. 12-13 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши пуршиддат дар назар аст.

12-14 март дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд хавфи сар задани зуҳуроти селӣ, дар минтақаҳои кӯҳии ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад. 12-14 март дар дарёҳои Ёхсӯ-Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба таври боварибахш аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар кӯҳистон, чидани занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Ба ронандагон пеш аз гузаштан аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ тавсия карда мешавад, ки дар бораи вазъияти роҳҳо, обу ҳаво маълумот ҷамъ оварда, нақлиёти худро бодиққат тайёр кунанд. Ҳангоми дар ноҳияҳои кӯҳсор ва ё минтақаҳои  хавфноки роҳҳо ҳаракат кардан ба фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо катъиян риоя кардан зарур аст.

АКС : АМИТ «Ховар»

 

Март 12, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд