РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар Душанбе табақи сабзаи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр қомат афрохт

Март 10, 2022 15:44

ДУШАНБЕ, 10.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Душанбе — майдони «Дӯстӣ», дар паҳлӯи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ рамзи баҳору Наврӯз- табақи сабзаи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр қомат афрохт.

Тавре муовини директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» Шарофиддин Талабов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар паҳлӯи табақи суманак инчунин дигар ороишоти ба ин ҷашн хос ороста мешаванд.

Дар майдони марказии пойтахт ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб мегарданд. Инчунин дар майдон конструксияи наврӯзӣ бо навиштаҷоти «Наврӯз муборак!» гузошта мешавад.

Соли сеюм аст, ки дар маркази пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бузургтарин табақи сабзаи суманак- рамзи баҳору Наврӯз бо баландии 30 метр гузошта мешавад.


Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.

Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирини суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Ин рамз дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.


Бояд тазаккур дод, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодаи пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Суманак намоду нишони ҳаёт ва маданияти рӯзгордории тоҷикон аст. Ҳамаи хӯрокиҳое, ки барои Наврӯз таҳия мешаванд, маъмулан аз гандум ё ҷав омода мегарданд. Суманак беҳтарин намунаи онҳо мебошад.

Ба иттилои сардори шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов, дар боғҳои фарҳангию фароғатии чор ноҳияи пойтахт низ бахшида ба ҷашни Наврӯз корҳои омодагӣ бомаром идома доранд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 10, 2022 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад