Рустам Раҳматзода: «Тоҷикистон ба буҳрони ҷаҳонӣ муваффақона истодагарӣ менамояд, зеро номгӯи зиёди маҳсулоти мавриди ниёзи аввал истеҳсол мекунад»
ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Мо бояд суръати таъминоти кишварро бо маҳсулоти асосӣ, ки худамон истеҳсол карда метавонем, тезонем. Дар ин бора борҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳо бо кишоварзон ва соҳибкорон таъкид кардаанд. Ва яке аз ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар, ки Пешвои миллат эълон намудаанд, низ ҳамин аст. Чунин маҳсулот, пеш аз ҳама, зироати ғалладонагӣ ва сабзавот мебошанд. Фурсате расидааст, ки масъалаи истеҳсоли аз нисф зиёди шакари истеъмолшавандаро дар кишвари худамон ба миён гузорем. Мо барои истеҳсоли шакар имконият, захираҳои табиию техникӣ дорем. Бояд ба танаввуъи (диверсификатсияи) иқтисоди миллӣ, кишоварзӣ ва ба таври ҳадди аксар ба кор андохтани тамоми иқтидори истеҳсолии мамлакат диққати махсус равона намуд», — гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам РАҲМАТЗОДА.
Ба андешаи вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкоронро зарур аст, ки аз вазъи кунунии иқтисоди ҷаҳон истифода карда, барномаи махсус таҳия намоянд, иқтисодро диверсификатсия кунанд ва ба истеҳсоли маҳсулоте, ки дар Русия ба он ниёзи бештар доранд, оғоз намоянд. «Яъне, ҳоло содироти он маҳсулоти ватании моро бояд ба роҳ монд, ки метавонанд молҳои таҳти таҳрим қарор гирифтаеро, ки айни замон ба Русия ворид карда намешаванд, иваз намоянд. Бо ин мо рушди муътадили иқтисоди Тоҷикистонро таъмин хоҳем кард», — афзуд мусоҳиб.
Бино ба андешаи ӯ, Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушоди сулҳҷӯёнаро пеш мебарад, ки ин имкон медиҳад иқтисодиёт таҳким ёфта, ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ноил шавем.
«Албатта, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар ҳар сурат ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, роҳбарияти кишвар ба ин омода аст, зеро қариб ҳамасола мо аз дигар кишварҳо дар ҳаҷми зиёд ғалла, орд ва шакар ворид мекунем. Баланд шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар дигар давлатҳо ба афзоиши нархҳо дар кишвари мо низ таъсири манфӣ мерасонад. Ба андешаи ман, он вазифаҳои мақсадноке, ки мо дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, дар Стратегияи миллии рушд то соли 2030 дорем, имкон медиҳанд солҳои наздик кишварро бо маҳсулоти асосии озуқа таъмин намуда, вобаста будан аз воридотро камтар кунем», — иброз дошт коршинос.
Тавре Рустам Раҳматзода зикр намуд, мо бояд дар оянда қурби долларро нисбат ба пули миллӣ муътадил нигоҳ дорем, то ба болоравии нархи маҳсулот таъсири манфӣ нарасонад. Бояд механизмҳоеро ёфт, ки имкон диҳанд қурб камаш чанд сол муътадил нигоҳ дошта шавад, баъдан маълум мешавад, ки чӣ кор кардан ва чӣ чораю тадбир андешидан зарур аст. “Ин буҳрони ҷаҳонист ва мо муваффақона аз он берун хоҳем омад, зеро имрӯз бисёр молҳои заруриро мо худамон истеҳсол мекунем», — хулоса кард Рустам Раҳматзода.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай нақшаи чорабиниҳоро оид ба пешгирии таъсири хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ қабул кардааст. Баъд аз ҷорӣ шудани як бастаи таҳримҳои иқтисодӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ алайҳи баъзе шарикони асосии тиҷоратӣ Ситоди байниидоравии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таъсис дода шуда, 26 ва 28 феврал, 1, 3 ва 4 март бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, истеҳсолкунандагони ватанӣ, ассотсиатсияҳои истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони ғалладона ва маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷаласаҳои ситод баргузор гардиданд.
Бо назардошти фикру мулоҳиза ва тавсияҳои онҳо нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуд. Нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ ба таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, шакар, тухм, сабзавот, зиёд намудани истеҳсол ва захираи онҳо, пешгирии болоравии беасоси нархҳо, дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорон, таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, пешгирии хатарҳои эҳтимолии низоми бонкӣ, паст кардани фишори асъор, пешгӯии қарзҳо бо фоизҳои паст барои соҳибкорони саноатӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ба таъхир андохтани санҷишҳои ғайриандозӣ нигаронида шудааст. Он инчунин ҷалб намудани ёрии иловагии молиявӣ ва андешидани тадбирҳои дигарро дарбар мегирад.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд






