Соҳибкорзанони вилояти Хатлон аз Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дидан менамоянд

Март 3, 2022 14:10

ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 4 март сафари омӯзишии занони соҳибкори вилояти Хатлон ба вилояти Суғд ҷараён мегирад, ки зимни он соҳибкорон аз Минтақаи озоди иқтисодии вилоят ва мавзею маконҳои сайёҳиву таърихӣ дидан менамоянд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Тавре иттилоъ дода шуд, 2 март дар доираи сафари омӯзишии занони соҳибкори вилояти Хатлон ба вилояти Суғд бо мақсади омӯзиши таҷрибаи ширкату корхонаҳо дар Палатаи савдо ва саноати вилоят вохӯрӣ доир гардид.

Зимни мулоқот раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов ба меҳмонон оид ба фаъолияти Палата иброз намуд, ки «Палатаи савдо ва саноат ҳамеша мусоидати худро  оид ба таъмин намудани иштироки ширкатҳои ватанӣ дар кори намоишгоҳҳои хориҷӣ барои муаррифии молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза расонида, дар ин самт кор мебарад».

Дар вохӯрӣ муовини раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Шараф Сангов ва сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иштирок намуданд.

Дар мулоқот соҳибкорзанони вилояти Суғд- аъзои Палатаи савдо ва саноат, роҳбарони ҶДММ «Озара» ва ҶДММ «Мунир» иштирок намуда, оид ба фаъолият ва дастовардҳояшон ба занони соҳибкори вилояти Хатлон маълумоти муфид пешниҳод намуданд.

Бояд гуфт, ки сафари омӯзишии занони соҳибкори вилояти Хатлон ба вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи ЮСАИД «Оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» доир гардида, дар ҷараёни он занони соҳибкори вилояти Хатлон аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», корхонаҳои «Ариана металл пласт», «Нексигол навовар», «Порсои Хуҷанд», «Меваи тиллоӣ», «Исфарафуд», «Оби Зулол» дидан менамоянд.

 

АКСҲО: ПСС ҶТ

Март 3, 2022 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд