ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 март, шанбе, 78-умин рӯзи соли 2022 аст

Март 19, 2022 08:00

19 марти соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

***

9 сол пеш, 19 марти соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳиндустон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва  пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридании андоз аз даромадро тасдиқ намуд.

 19 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии мизоҷ.

***

Дар Финландия – Рӯзи баробарҳуқуқӣ.

 РӮЙДОДҲО:

19 марти соли 2003 дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия қарор қабул карда шуд.

***

19 марти соли 2009 дар шаҳри Душанбе 10-солагии фаъолияти Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

 ***

7 сол пеш, 19 марти соли 2014 дар маркази шаҳри Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми аввалини Тоҷикистон ва Япония оид ба илм, технология ва навоварӣ баргузор гардид.

***

123 сол муқаддам, 19 марти соли 1899 дар Русия аввалин истгоҳи «Ёрии таъҷилӣ» кушода шуд.

***

19 марти соли 1991 натиҷаҳои раъйпурсии Қазоқистон оид ба масъалаи пойдории Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ эълон карда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1953 аввалин маротиба дар телевизион маросими супоридани ҷоизаи «Оскар» намоиш дода шуд.

***

Соли 1958 дар Страсбург аввалин ҷаласаи Парлумони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Март 19, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш