ТАСС: Парвоз аз Екатеринбург ба Хуҷанд ба далели интиқоли ҳавопаймо ба феҳристи Русия ба таъхир афтод

Март 15, 2022 15:38

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Парвози ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии» аз Екатеринбурги Русия ба Хуҷанд ба далели ба феҳристи давлатии киштиҳои шаҳрвандии Федератсияи Русия ворид шудани ҳавопаймо ба таъхир афтод. Дар ин бора ба рӯзноманигорон дар дафтари матбуоти додситонии нақлиёти Урал иттилоъ доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Парвози U6-8955-и ширкати «Уралские авиалинии» дар фурудгоҳи Колтсово дар хатсайри Екатеринбург- Хуҷанд ба таъхир афтод. Вақти парвоз соати 15:00 (13:00 ба вақти Москва) пешбинӣ шудааст. Сабаби таъхир дар хатсайр ба феҳристи давлатии киштиҳои ҳавоии шаҳрвандии Федератсияи Русия супурдани ҳавопаймо мебошад»,- гуфта мешавад дар хабар.

Дар робита ба вазъи Украина 26 феврал шӯрои Иттиҳоди Аврупо фурӯш ва таҳвили ҳавопаймоҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳоро ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва ҳамчунин ироаи хадамоти суғуртаи ин ҳавопаймоҳо ва таъмири онҳоро манъ кард. Яке аз чораҳои муқобили он пешниҳоди Вазорати нақлиёт дар бораи кам кардани муҳлати бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба ҳавопаймоҳо дар Федератсияи Русия то 10 рӯз, интиқоли ҳавопаймоҳо ба феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои граждании Русия буд.

 

ДАР АКС: Фурудгоҳи Колтсово. Акс: Донат Сорокин/ТАСС

Март 15, 2022 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд