Темур Раҳимов «Беҳтарин варзишгари Тоҷикистон» дар соли 2021 интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 1 март дар Кохи «Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи варзиши мамлакат дар соли 2021 баргузор шуда, беҳтаринҳои соҳа дар соли 2021 эълон гардиданд. Варзишгари маъруфи кишвар Темур Раҳимов «Беҳтарин варзишгари соли 2021» аз рӯи намудҳои олимпии варзиш дониста шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Темур соли 2021 дар Гран Слами Боку (5-7.11.2021) медали нуқра, дар Гранд Слами Абу Даби (26-28.11.2021) ва Чемпионати Осиё/Уқёнус (6-9.04.2021) медали биринҷӣ ва дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини дзюдо (1-5.10.2021) медали тилло ба даст оварда, дар маросими кушодашавии Бозиҳои 32-юми олимпӣ дар Токиои Ҷопон (24.07.2021) парчамбардори ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд.
Ҷоизаи «Беҳтарин варзишгари соли 2021» аз рӯи намудҳои ғайриолимпии варзиш насиби Акмалиддин Каримов шуд. Акмалиддин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо ба гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфта, дар Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия медали нуқра, дар Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Москваи Русия медали биринҷӣ ба даст овард.
Варзишгардухтар Миҷгона Самадова, ки соли гузашта дар Ҷоми ҷаҳон ба гирифтани медали тилло ва дар Чемпионати Осиё ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид, ҷоизаи «Беҳтарин варзишгарбонуи соли 2021»-ро сазовор шуд.
Ҳамчунин дар дигар номинаҳои ин маросим барандагон ба таври зайл эълон шуданд:
Беҳтарин федератсияи миллӣ
Федератсияи тенниси Тоҷикистон.
Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Тоҷикистон.
Беҳтарин дастаи варзишӣ
Клуби футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе.
Беҳтарин мураббии соли 2021
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов,
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди гӯштини юнонӣ-румӣ Равшан Ҳайдаров,
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди бокс Мирзо Шамсиев,
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намуди самбо Носир Бозоров,
Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс Носирҷон Азимов.
Беҳтарин шореҳи варзишӣ
Раҳматшо Обидов (ТВ «Тоҷикистон»),
Муродалӣ Тешаев (ТВ «Варзиш»),
Меҳрон Азимов (АМИТ «Ховар»).
Беҳтарин муассисаи тарғибгари соҳаи варзиш дар соли 2021
ТВ «Варзиш»,
ТВ «Футбол»,
ТВ «Тоҷикистон».
Беҳтарин иншооти варзишӣ
Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара,
Қасри тенниси КВД «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон,
Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ,
Маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд.
Беҳтарин Мактаби варзишӣ
Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин,
Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ оид ба бокс,
Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб,
Мактаби варзишии шаҳри Ваҳдат,
Мактаби варзишии шаҳри Истаравшан,
Мактаби варзишии ноҳияи Ёвон,
Мактаби варзишии ноҳияи Кӯшониён,
Мактаби варзишии ноҳияи Қубодиён,
Мактаби варзишии ноҳияи Балхӣ,
Мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон,
Мактаби варзишии ноҳияи Ишкошим,
Мактаби варзишии ноҳияи Рашт,
Мактаби варзишии ноҳияи Файзобод,
Мактаби варзишии ноҳияи Ашт,
Мактаби варзишии ноҳияи Шаҳристон.
АКСҲО: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ











Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






