ТОҶИКИСТОН-ТАШАББУСКОРИ ИҚДОМҲОИ БУЗУРГ ДАР САМТИ ОБ ВА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дарёҳо

Март 14, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 март дар бештари кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дарёҳо, ки қаблан ҳамчун Рӯзи байналмилалии зидди сарбандҳо, барои дарёҳо, об ва ҳаёт маъруф буд, таҷлил мегардад. Дар ин бора суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИКро бо раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим ЮСУФӢ пешкаши хонандагон мегардонем.

АМИТ «Ховар»: — Бо вуҷуди захираи бузурги об доштан роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба мушкилоти норасоии об бетараф нест. Назари Шумо дар ин бора чӣ гуна аст?

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ: — Албатта, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи манбаъҳои об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд, яъне манбаи оби тоза аст. Қариб ҳамаи обҳое, ки  дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд, барои истифода дар соҳаи кишоварзӣ ва нӯшидан мувофиқанд. Манбаи асосии об дар кишвари мо пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб мераванд. 947 рӯди хурду бузург, 1300 кӯл бо захираи 46,3 километри мукааб об, ки 20 километри мукааби он оби ширин мебошад, 11 обанбор бо ҳаҷми муфиди 7,5 километри мукааб об ва зиёда аз 10 ҳазор пирях манбаи асосии оби на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказист. Бино бар ҳисоби мутахассисон, ҳаҷми обҳои зеризаминии мамлакат ба 18,7 километри мукааб дар сол баробар аст, ки аҳолӣ аз он низ самаранок истифода мебарад. Ҳанӯз охири солҳои 90-и асри гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба норасоии оби тоза ҷалб карда, минбаъд давоми зиёда аз 20 соли охир бо силсилаиқдомҳо онро ба раванди ҷаҳонӣ табдил доданд.


Якуми октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  соли 2003- Соли оби тоза эълон карда шавад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии «Оби тоза» эълон  шуда,  29 август-1 сентябри соли 2003  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими  кушодашавии форуми мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат иброз карданд, вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо — мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафӣ ихтиёр кунем.

Дар ҳамин форум ҳамзамон Президенти мамлакат ба дигар масъалаҳои вобаста ба об, аз ҷумла обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо низ дахл карда, ҳушдор доданд, ки агар ин раванд чунин идома ёбад, бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ  дар оянда масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби тоза ба маротиб шадидтар мешавад: «Мо бояд захираҳои оби худро маҳфуз дорем ва идоракунии пурсамари онҳоро омӯзем, то ин ки дар оянда сатҳи таъминот ва дастрасии инсоният ба оби тоза ва ташкили зиндагӣ аз рӯи меъёрҳои санитарӣ баланд бардошта шавад». Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр карданд, ки мушкилоти оби тоза дар як сол ҳал намешавад ва дар оянда низ яке аз ҳассостарин масъалаҳо боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, пешниҳоди эълон кардани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об- барои ҳаёт» ба иштирокчиёни форум ироа намуданд.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба элон намудани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт»-ро Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе 23 декабри соли 2003 Қатънома қабул карда, солҳои 2005-2015 -ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт» эълон кард.

Пешниҳодҳои дигари Тоҷикистон оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кўли Сарез, Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо, ки ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август — 4 сентябри 2009 дар ш. Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген  7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардида буд ва эълон намудани соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (20 декабри 2010) мебошад. Тибқи ташаббуси мазкур 20-21 августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Инчунин пешниҳоди дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2017 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳид қабул гардид, ин эълони Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакатҳои гуногун, аз ҷумла кишвари мо то имрӯз якчанд конфронсу симпозиумҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масъалаи об баргузор гардидаанд. Ин агар аз як тараф ҳассосияти масъалаи обро нишон диҳад, аз ҷониби дигар муаррифи Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ба ҳисоб меравад.

АМИТ «Ховар»: — Ҳиссаи об дар истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чӣ гуна аст?

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ: — Обро ба хуни табиат ташбеҳ медиҳанд, ки бесабаб нест. Зеро ҳамон қадаре, ки норасоии хун дар организм инсонро ба хатари марг рӯ ба рӯ мекунад, норасоии об низ боиси маҳви табиати зинда мешавад. Аз ин рӯ, имсол чорабинии солонаи “Blog Action Day” ба об бахшида шудааст ва GreenWord бори дигар дар он фаъолона иштирок мекунад. Он аҳамияти обро дар пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, хусусан истеҳсоли  маҳсулоти озуқавории маъмултарин нишон додааст.

Мувофиқи маълумоти дар он дарҷшуда, барои парвариши  1 кг барги тару тоза 2600 литр об сарф мешавад, ки аз он ҳамагӣ 260 грамм чой гирифта мешавад. Барои фаҳмо шудан зикр кардан бамаврид аст, ки ба як пиёла чой ҳамагӣ 3 г чунин барг рост меояд. Барои истеҳсоли як дона афлесун, ки 100 грам вазн дорад, 50 литр об сарф мешавад. Аз ин бармеояд, ки барои рӯёнидани 1 кг афлесун 500 литр об лозим аст. Себ яке аз меваҳои маъмултарин дар кишвари мо мебошад. Шояд аксарият огоҳ набошанд, ки барои истеҳсоли як дона себ бо вазни 250 грам 140 литр об истифода мешавад. Барои парвариши 1 кг себ  вобаста ба навъ тақрибан 700 литр об лозим аст. Ҳамин тариқ, барои як хӯшаи ҷуворимакка 450 литр об лозим мешавад.  Дар саросари ҷаҳон ҳар сол барои парвариши ҷуворимакка 550 миллиард метри мукааб об истифода мешавад, ки ин 8 фоизи ҳаҷми умумии оби дар зироаткорӣ истифодашаванда мебошад.

Гандум низ яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мебошад, ки барои истеҳсол шудани 1 кг ба ҳисоби миёна 1000 литр об сарф мешавад. Барои истеҳсоли гандум дар саросари ҷаҳон ҳар сол 790 миллиард метри мукааб об сарф мешавад, ки ин 12 дарсади ҳаҷми умумии оби дар зироаткорӣ истифодашаванда мебошад. Барои парвариши ҳайвоноти хонагӣ низ, ки дар саноати гӯшт истифода мешаванд, оби зиёд сарф мегардад.

Шолӣ яке аз маҳсулоте мебошад, ки барои парваришаш оби зиёд сарф мегардад. Барои парвариши 1 кг шолии худрӯй ба ҳисоби миёна 2400 литр об лозим аст. Барои коркарди минбаъдаи саноатӣ 1100 литри дигар об масраф мешавад. Майдонҳои шолии ҷаҳон дар як сол тақрибан 1350 миллиард метри мукааб обро истифода мебаранд, ки ин 21 дарсади ҳаҷми умумии оби барои парвариши зироат сарфшударо ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»: — Дар мавриди тағйирёбии иқлим ва хатари он ба манбаъҳои об муфассалтар сухан бигӯед.

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ: — Тағйирёбии иқлим мушкилоти глобалии замони муосир аст. Олимон сабаби онро дар зиёд шудани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва кам шудани масоҳати ҷангалзор арзёбӣ мекунанд. Воқеан, ҳар ду омили зикршуда бо таъсири бевоситаи инсон ба вуҷуд омадааст. Аз як тараф, агар рушди босуръати илму техника ва ба авҷи аъло расидани инқилоби саноатӣ боиси зиёд шудани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера шуда бошад, бо ҳамин суръат нобуд шудани ҷанглазор низ тавозунро дар табиат халалдор кард. Масалан, мувофиқи маълумоти манбаъҳои расмӣ 100 сол пеш зиёда аз 30 дарсади масоҳати Тоҷикистонро заминҳои ҷангалпӯш ташкил мекарданд. Имрӯз ин рақам то 3 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз ин рӯ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат бо қабули барномаҳо барқарор ва бунёди ҷангалзорро ба роҳ мондааст, зеро ҷангал таъсири газҳои гулхонаӣ ва омилҳои дигари ба табиат таъсири манфӣ расонандаро коҳиш медиҳад.

Газҳои гулхонаӣ хусусияти баланди фурӯбарии гармиро дошта, дар равшанӣ дорои ранги шаффоф ҳастанд, ки миқдори энергияро дар сайёра зиёд ва иқлимро аз будаш гармтар мекунанд. Газҳои гулхонаӣ аз оғози пайдоишашон дар атмосфера ба миқдори хеле ночиз (қариб 0,1%) ҳузур доштаанд. Ин миқдор барои нигоҳ доштани тавозуни гармии Замин дар сатҳи муносиб барои зиндагӣ аз ҳисоби таъсири гулхонаӣ кофӣ буд. Падидаи табиии гулхонаӣ ягон зарра ба сайёра ва башарият хатар надорад, зеро миқдори умумии газҳои гулхонаӣ аз ҳисоби гардиши табиат дар як сатҳ нигоҳ дошта мешаванд. Вале афзоиши консентратсияи газҳои гулхонаӣ дар атмосфера таи дусад соли охир ба баланд шудани таъсири гулхонаӣ ва вайрон шудани тавозуни гармии Замин оварда расонид. Тибқи таҳқиқоти олимон ва коршиносон дар як сол тақрибан 22 миллиард тонна партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ихроҷ мешавад.

Бино ба иттилои мавҷуда, фақат дар даҳсолаи охир партови газҳои гулхонаӣ дар атмосфера 29 дарсад афзудааст, ки он ҳам омили инсонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, тамоми тасмимҳое, ки дар масъалаи тағирёбии иқлим аз ҷониби давлатҳо ва ё созмону ташкилоти байналмилалӣ гирифта мешаванд, пеш аз ҳама ба маҳдудкунии фаъолияти инсон равона шудааст. Мутахассисон кам кардани партови газҳои гулхонаиро яке аз роҳҳои асосии то андозае пешгирӣ намудани раванди гармшавӣ арзёбӣ мекунанд.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдориашро аз коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера изҳор дошта, ҳарчи бештар истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар раванди рушди “иқтисоди сабз”-ро ҷонибдорӣ намудааст. Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2019) изҳор дошта буданд, ки “кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 — умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.

Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар нафар аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад. Дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба мо истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан гидроэнергетика мусоидати ҷиддӣ менамояд.

Хотирнишон месозам, ки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди “энергияи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” ба ҳисоб меравад. Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад”.

Бино ба таъкиди Президенти мамлакат, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон доир ба истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад ва кишвари мо имкон дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд.

Тоҷикистон бо вуҷуди он ки дар самти истихроҷи газҳои гулхонаӣ яке аз ҷойҳои охирро ишғол мекунад, аз таъсири тағйирёбии иқлим бенасиб намонд. Дар кишвари мо 13 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳад.  Дар чил соли охир беш аз 1000 пирях об шуда, пурра аз байн рафтаанд.  Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии оби кишварҳои минтақа мебошанд.  Аз обе, ки ҳамасола дар ҳудуди кишвар ташаккул меёбад (қариб 60 дарсади оби минтақаи Осиёи Марказӣ), миқдори камаш (ҳамагӣ 10 дарсад) барои эҳтиёҷоти Тоҷикистон истифода мешавад.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар ҷумҳурӣ ба таври умумӣ болоравии ҳарорат, бардавомии хушкии ҳаво ва ҳодисаҳои фавқулодаи табиат ба мушоҳида мерасад. Обшавии пиряхҳо, ки ҳама дарёҳои минтақаҳои Осиёи Марказиро бо об таъмин мекунанд, метавонад соҳаҳои энергетика ва кишоварзиро дар худи мамлакат ва тамоми минтақа таҳти хатар қарор диҳанд.

Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати кишвар бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда дар самти коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва дигар омилҳое, ки раванди тағйирёбии иқлимро ба самти манфӣ метезонанд, чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ намуда, тадбирҳои амалӣ меандешанд.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 14, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Лоиҳаи «Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
Дар шаҳри Конибодом корхонаи коркарди зардолу бунёд мешавад
Дар Тошканд ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея баррасӣ шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид