Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори комиссияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии СААД иштирок намуданд

Март 18, 2022 14:56

ДУШАНБЕ, 18.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба масоили сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, мудофиа ва амният, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, сиёсати хориҷӣ, ки дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия  дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, ширкат карданд, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Дар он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим  Юсуфӣ, вакилон Мавлудахон Мирзозода, Зайниддин Сафаров, Равшан Раҷабзода, Сарвиноз Маҷидова, Толибхон Азимзода иштирок намуда, андешаҳои худро нисбат ба мавзӯъҳои баррасишуда иброз намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар вакилони парламентҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро муҳокима карданд, ки аксари онҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои ИДМ бахшида шуда буданд.

Иштирокдорони ҳамоиши маҷозӣ бо дарназардошти авзои кунунии ҷаҳони муосир ва тазодҳои он масъалаҳои таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир аз мавзуъҳои асосии ҳамоиш буд.

Зимни ҳамоиш вобаста ба дарёфти роҳу воситаҳои муассири мубориза ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони имрӯза, махсусан минтақа миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт. Гуфта шуд, ки маҳз фаъолияти дастҷамъона ва мубодилаи таҷриба дар ин самт воситаи ягонаи таъмини амнияту оромӣ дар минтақа хоҳад буд.

Иштирокчиёни ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии АБ СААД иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории якҷоя, такмили механизми ин ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи АБ СААД эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Зикр гардид, ки нақши СААД дар таъмини амният ва оромии минтақаҳои зери масъулияташ хеле бузург аст. Ҳамкории доимӣ дар доираи фаъолияти созмони мазкур имкон медиҳад, ки муносибатҳои байнипарламентӣ, робитаҳои байнидавлатии ҳарбӣ-сиёсӣ миёни давлатҳои аъзои созмон ба дараҷаи сифатан нав рушд ёфта, ба ташкили воқеии системаи амнияти коллективӣ мусоидат намояд. Дар робита ба ин қабули санадҳои намунавии (моделии) қонунгузорӣ ҳамчун заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии СААД метавонанд хизмат кунанд.

Иштирокчиёни кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии АБ СААД ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ дар шаклҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ карда мешавад. Аз рӯзи таъсис Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ мақоми худро ҳамчун  платформаи оптималӣ барои кори якҷояи парлумонҳо, муҳокимаи масъалаҳои мубрами рӯз ва наздикшавии мавқеи давлатҳои ИДМ собит менамояд.

Пойгоҳи таҳияшудаи қонунгузории намунавӣ ва таҷрибаи муқарраргардидаи ташкили ҳамкории байнипарлумонӣ ба парлумонҳо имкон медиҳад, ки дар равандҳои ҳамгироӣ дар шаклҳо ва асосҳои барои онҳо қобили қабул ширкат варзанд. Дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

АКС: МН МО ҶТ

Март 18, 2022 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даври омӯзишии байналмилалӣ дар Италия масоили дипломатияи илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ мешаванд
Файзалӣ Идизода бо муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ мулоқот намуданд
Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар доир гардид
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ мулоқот намуданд
Дар Душанбе тавсеаи робитаҳои парлумонии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Раиси Маҷлис-аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид