ЗАНОНИ БОЛАЁҚАТ БОЗ ҲАМ БЕШТАР БА ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРӢ ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД. Президенти Тоҷикистон бонувони кишварро бо Рӯзи Модар табрик намуданд

Март 7, 2022 14:36

ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло тибқи дастури Роҳбари давлат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» таҳия шуда истодааст. Дар ин бора имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Модар изҳор доштанд.

Дар робита ба ин Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки яке аз шартҳои муҳимтарини пешрафти давлат, осоишу суботи ҷомеа ва ободии Ватан модари босаводу соҳибмаърифат мебошад, ки метавонад фарзанди хушахлоқу донишманд ва худшиносу ватандўстро тарбия карда, ўро ба хизмати ҷомеа ва давлат ҳидояту роҳнамоӣ созад.

Дар ин самт, тазаккур доданд Президенти ҶТ, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ҷалби духтарон ба таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад.

«Мо дар ҳазорсолаи сеюм – давраи инқилоби техникиву технологӣ ва рушди босуръати шабакаҳои иттилоотӣ умр ба сар мебарем, — зикр намуданд Сарвари давлат. — Ин воқеият ва дар айни замон, вусъат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ ҳар як оила, пеш аз ҳама, занону модарони муҳтарами моро водор месозад, ки барои тарбия кардани фарзандони солиму бомаърифат, забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъ, инчунин, аз таъсири ногувори ахлоқи зишт, кирдорҳои ношоям ва суннатҳои фарҳангии бегона эмин нигоҳ доштани онҳо кўшиш намоянд».

Дар ин раванд, ба таъкиди Пешвои миллат, соҳиби ахлоқу одоби ҳамида гардонидани фарзандон ва ба зиндагии мустақилона омода кардани онҳо, яъне омўзонидани нозукиҳои зиндагии оилавӣ низ вазифаи модарон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 21 декабри соли гузашта дар Паёми навбатии Сарвари давлат таъкид гардида буд, ки занон ҳамчун неруи фаъол ва пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон минбаъд низ дар фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳаҳои бонкдорӣ, илм, маориф ва соҳибкорӣ нақши мустақим ва озод дошта бошанд.

Ҳоло шумораи занон дар соҳаи маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.  Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Бинобар ин, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки Президенти ҶТ борҳо ба фаъолияти занон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа баҳои баланд дода, саҳми арзандаи онҳоро дар таъмини рушди давлат, ободии Ватан, таҳкими сулҳу субот таъкид кардаанд. Сарвари давлат зани тоҷикро бо ганҷинаи бебаҳое муқоиса карданд, ки тамоми ҳастии худро барои ба воя расонидани фарзандони бомаърифату ватандӯсти дорои ахлоқи баланд ва омода ба ҳаёти мустақилона мебахшад. «Онҳо содиқ ва эътимодбахшанд — ман дар таҷрибаи сиёсии худ ба ин боварӣ ҳосил кардам», — гуфтаанд Пешвои миллат.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Март 7, 2022 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид