Завқӣ Завқизода: Рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад

Март 31, 2022 11:32

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмин намудани намояндагиҳои дипломатӣ бо маълумоти мунтазам, инчунин муаррифии беҳтари имконияти тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон 30 март мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни баргузории видеоконфронс З. Завқизода иброз  намуд, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ афзалияти аввалиндараҷа дошта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Зимнан Вазири рушди иқтисод ва савдо З. Завқизода масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди кишвар, натиҷаҳои рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 тасдиқ гардидааст, тариқи рӯнамо муаррифӣ намуд.


Вазири рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои пайгирӣ ва рушди ҳамкории минбаъда таклифҳои мушаххас манзур карда, ба саволҳои сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ посухҳои дахлдор дод.

АКСҲО: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Март 31, 2022 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»