73 МЕТР ДАРОЗӢ ВА ЗИЁДА АЗ 10 МЕТР ПАҲНОӢ. «IRS» яке аз пулҳои азими роҳи Душанбе-Чанокро навсозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Навсозии пули азим дар километри 267-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок босуръат идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Пули мавриди назар 73 метр дарозӣ дошта, соли 1962 сохта шудааст. Поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт тайи солҳои мавриди истифода буданаш корношоям гаштаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки нуҳуми марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдор ба намояндагӣ аз Вазорати нақлиёт, Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мутахассисони филиали ширкат дар Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ гирифта шуда буд, ки онро таъмир кунанд.
12 сентябри соли гузашта корҳо дар иншоот шурӯъ шуда, дар марҳилаи аввал тибқи тавофуқот, демонтаж ё ҷудосозии қитъаҳои пули мазкур аз сӯи ширкати ватании “Роҳи ваҳдат” амалӣ гардид. Бо дарназардошти нуфузи байналмилалӣ ва таҷрибаи ғании фаъолият лоиҳакашиву навсозии пул ба зиммаи ширкати “Чайна Роуд” вогузор шуда, бо сатҳи хубу сифати баланд пеш рафта истодааст.

Ҳоло корҳо босуръат идома дошта, чанде пеш насби пояҳои пул, ки қолабрезӣ шудаанд, шурӯъ гардид. Ба сохтмони мазкур 45 нафар мутахассисони ширкати “Чайна Роуд” ҷалб ва 15 техникаву механизми пуриқтидор сафарбар шудаанд. Тибқи лоиҳа, баъди навсозӣ паҳноии пули мазкур ба 10 метру 20 сантиметр (бо дарназардошти пайроҳаи пиёдагард) мерасад.
Дар ин раванд масолеҳи босифати сохтмонӣ сарф шуда, сифати кор зери назорати роҳбарияти филиали ширкат қарор дорад. Ҳоло 65 фоизи корҳои сохтмонӣ ба сомон расида, масъулин ҷаҳду талош доранд, то ҳарчӣ зудтар ин пулро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
АКСҲО: Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар ҶТ








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид






