ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 240 бех дарахтони нодири ороишии ҳамешасабз шинонида шудааст
ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба макони писандидаи истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Боғи мазкур баъд аз навсозӣ (2019) симои комилан дигар гирифта, масоҳати умумии он 9 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди он ду майдончаи варзишии замонавӣ сохта шуда, Маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон ба мардум хизмат мерасонанд.
Беш аз 4 гектар замини ҳудуди боғ сабзазор буда, дар он 240 бех дарахтони нодири ороишии ҳамешасабзи аз хориҷи мамлакат овардашуда шинонида шудааст. Дар боғ садҳо намуд гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонда шуда, барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон 15 намуди атраксионҳо насб гардида, ҳудуди боғро 18 адад фаввораи хурду бузург зебу зиннат бахшидаанд.
АКС: МИҲД-и шаҳри Кӯлоб