Ҳайати Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор дар ИМА қарор дорад

Апрель 22, 2022 15:44

ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид 19 апрел ҷиҳати иштирок дар «Ҷаласаи баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ — 2022» ба шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафари корӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

19 апрел вохӯриҳои ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Девид Малпас, ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ хонум Анна Бёрде, Директори Раёсати Хазинаи Байналмилалии Асъор Ҷиҳад Азур, Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон Метю Гайтнер ва Намояндаи Раёсати Хазинадории ИМА  Майкл Каплан сурат гирифтанд.

Дар аснои вохӯриҳо масъалаҳои мубрам, аз ҷумла вазъи иқтсодию иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои он, татбиқи сиёсати фискалию монетарӣ, идоракунии қарзи давлатӣ, татбиқи ислоҳот дар самти идоракунии молияи давлатӣ, инчунин тақвияти ҳамкории самарабахш мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар интиҳои вохӯриҳо ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок баён намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ба ҳайати мазкур Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ва муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ шомил мебошанд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 22, 2022 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд