«Амонатбонк» ва БАТР дурнамои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ карданд

Апрель 1, 2022 14:10

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи бахши молиявии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  бо дарназардошти таъсири пандемия ва дигар омилҳои берунии вазъи ҷаҳон дар мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо ҳайати  расмии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/  таҳти роҳбарии директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷорҷ Орлов  дар Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» хабар медиҳад, ки  дар мулоқот мусоҳибон атрофи тақвияти ҳамкории «Амонатбонк» ва БАТР  ибрози назар намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси Раёсати «Амонатбонк» Сироҷидин Икромӣ рӯнамои фаъолияти молиявии  «Амонатбонк»-ро пешкаши ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд намуд.

Директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷорҷ Орлов ба фаъолияти БДА Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун бонки давлатӣ баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд баён намуд.

АКСҲО: БДА ҶТ «Амонатбонк»

Апрель 1, 2022 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст