Ҷавонони шаҳри Бӯстон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар шуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар майдони «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Бӯстон маросими сафарбарнамоии ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти шаҳри Бӯстон, сохторҳои қудратӣ, даъватшудагон ва падару модари онҳо, раисони маҳаллаҳо, собиқадорон, наврасону ҷавонон, фаъолони шаҳр иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ иштирокдорони ҷамъомад, падару модарон ва ҷавонони ихтиёриро ба муносибати Рӯзи даъватшаванда самимона табрик намуда, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ рӯйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро паси сар намуд. Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ, бунёдкориву донишандӯзӣ ва ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ҳидоят менамоянд.
«Ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори ҳар шахси солимфикр, бообрӯ ва бонангу номуси мамлакати маҳбубамон, бахусус ҷавонон буда, имрӯзҳо онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқонаву софдилона бо сари баланд хизмат намуда истодаанд. Чун анъана имсол низ ҷавонони шуҷои шаҳри Бӯстон ба таври ихтиёрӣ ҷиҳати хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидаанд, ки мояи ифтихору сарбаландии ҳар фарди бедордил мебошад»,- афзуд Мавсума Муинӣ.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов гуфт, ки «Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардидани шароити моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоиии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд».
Даъватшаванда Бахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, сокини шаҳри Бӯстон ҳамсолони худро барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, иброз дошт, ки «мо, ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ тамоми неруи худро барои ҳифзи марзу буми мамлакат, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот сафарбар менамоем». Инчунин модари мавсуф Фариштамоҳ Мадаминова барои шароити муҳайё намудаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати хизмати фарзандон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, дуои онро намуд, ки дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ, файзу баракат ҳамеша пойдор бошад ва парчами Истиқлолият дар мамлакат устувору ҷовидон боқӣ монад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар фазои мутантан ба як гурӯҳ наваскарон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Дар интиҳои маърака ҳамчун анъанаи хос маросими «нонгазон»-и модарон бо ҷавонони даъватшаванда баргузор шуда, аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ пешкаш гардид.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон










Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид
Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд






