БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нави маъмурӣ мегардад

Апрель 25, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нави маъмурӣ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гузоштани нома ба наслҳои оянда санги асоси бинои маъмурии қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳрро гузошт. Бинои мазкур дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳр сохта мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа, бинои маъмурӣ дуошёна бунёд гардида, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳамчунин биноҳои ёрирасонии хоҷагидорӣ ва ғайраҳо мебошад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ҶДММ «Авитсенна» муайян шудааст.

Қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳр яке аз идораҳои ободонии шаҳр маҳсуб ёфта, ба тавозуни он беш аз 8000 адад нуқтаҳои чароғонкунии шаҳр мансубанд ва дар он 23 нафар кормандон фаъолият доранд. Идораи мазкур ба бинои феълӣ ҳанӯз соли 1972 кӯчида омада, бинои он хеле фарсудаю корношоям гардидааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба санаҳои таърихии миллат бинои маъмурии қитъаи чароғонкунии Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд аз нав сохта шуда, барои кормандони ин ниҳод тамоми шароити замони муосир муҳайё мегардад.

Раиси вилоят ба сохтмончиён ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид шуд, ки бино бояд бо истифода аз масолеҳи ватанӣ бунёд шавад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в.Суғд

Апрель 25, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад