БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ПОЙТАХТ. Атрофи КВД «Маркази миллии ташхису табобат»-ро ободу хуррам намуданд

Апрель 9, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сарсабзу хуррамгардонӣ ва  сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе имрӯз бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар атрофи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази миллии ташхису табобат» корҳои ободонӣ ва сабзазоркунӣ гузаронида шуданд.

Тавре дар Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сабзазоркуниву гулшинонӣ миёни мардуми тоҷик чун рамзи сарсабзӣ ва зебоӣ маҳбубияти хосса дошта, чунин иқдом шаҳрвандони пойтахтро ба зебоипарастиву озодагӣ  талқин менамоянд. Зеро тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф асоси пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо мебошад.


Ободкорӣ аз қадим барои мардуми тоҷик рамзи зиндагии шоиста маҳсуб шуда, ба ин васила имрӯз пойтахти Тоҷикистон-шаҳри гулбаоғӯши Душанбе бо зебоӣ ва гулҳои рагорангаш диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 инҷониб ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.

АКС: Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим

Апрель 9, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад