БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. 17 варзишгари тоҷик аз дастгирии молиявии олимпӣ бархӯрдор мегарданд

Апрель 9, 2022 11:31

ДУШАНБЕ, 09.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ номзадии 17 варзишгари тоҷикро ҷиҳати бархӯрдор шудан аз дастгирии молиявии олимпӣ — Париж-2024 тасдиқ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Номзадии варзишгаронро бо пешниҳоди федератсияҳои миллии варзишӣ Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 тасдиқ ва пешниҳод намуда буд.

Дар доираи Барномаи «Дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024» ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ 7500 доллар маблағ ҷудо мегардад. Барнома барои варзишгарон имкон фароҳам меорад, ки барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 талош кунанд. Он барои тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ нигаронида шудааст.

8 апрел зимни ҷаласа дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки дар он ноиби Президенти Кумита Дилшод Назаров, котиби генералии Кумита Муҳаммадшо Абдуллозода, варзишгарон, мураббиён ва намояндагони федератсияҳо ширкат доштанд, моҳияти Барномаи дастгирии молиявии олимпӣ фаҳмонида шуда, бо варзишгарон созишнома ба имзо расид.


Маблағи барнома ба варзишгарон дар ҳар давраи чормоҳа пардохт карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки агар варзишгар дар муҳлати системаи интихобии олимпӣ роҳхат гирифта натавонад ё ҳисоботи молиявию техникиро сари вақт пешниҳод накунад, пеш аз муҳлат аз дастгирии молиявӣ маҳрум мегардад.

Ҳамин тариқ, 17 нафари зерин аз 6 намуди варзиш аз 1 январи соли 2022 то 31 августи соли 2024 аз дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024 бархӯрдор мешаванд:

ҶУДО

  1. Темур РАҲИМОВ — 800 доллари ИМА
  2. Сомон МАҲМАДБЕКОВ — 800 доллари ИМА
  3. Беҳрӯз ХОҶАЗОДА — 800 доллари ИМА
  4. Ҷаҳонгир МАҶИДОВ — 400 доллари ИМА
  5. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА — 250 доллари ИМА

БОКС

  1. Баҳодур УСМОНОВ — 800 доллари ИМА
  2. Шаббос НЕГМАТУЛЛОЕВ — 800 доллари ИМА
  3. Миҷгона САМАДОВА — 250 доллари ИМА
  4. Рӯҳафзо ҲАҚНАЗАРОВА — 250 доллари ИМА
  5. Нилуфар БОБОЁРОВА — 250 доллари ИМА

ТАЕКВОНДО

  1. Муҳаммадҳасан ШОҲМАҲМАДОВ — 300 доллари ИМА
  2. Мӯниса ОЙМАТОВА — 250 доллари ИМА
  3. Моҳру ҲАЛИМОВА — 250 доллари ИМА

ГӮШТИН

  1. Фирӯз МИРЗОРАҶАБОВ — 400 доллари ИМА
  2. Ватансултон ШАКАРШОЕВА — 250 доллари ИМА

ҚАЙИҚРОНӢ — КАНОЭ

  1. Шаҳриёр ДАМИНОВ — 400 доллари ИМА

ШИНОВАРӢ

  1. Екатерина БАРДАЧЕВА — 250 доллари ИМА

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Апрель 9, 2022 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд