Дар ҷануби Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ 36,1% коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Хатлон сатҳи ҷинояткорӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин бора дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар муқоиса бо соли гузашта ҳолати ҷинояткорӣ 36,1% коҳиш ёфтааст. Сабаби коҳишро вай тақвият додани корҳои пешгирикунанда миёни аҳолӣ номид.
«Ба назорат аз болои иҷрои қонунгузории замин диққати махсус дода шуда, барои оқилона ва самаранок истифода бурдани он назорати қатъӣ бурда мешавад. 9,98 гектар заминҳои худсарона ишғол ва дар онҳо иморат бунёдшуда ба давлат баргардонида шуданд», — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Тавре прокурори вилоят гуфт, ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. «Дар моҳҳои аввали имсол дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 69 санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа аз ҷониби мақомоти прокуратура 717 санад тартиб дода шуд», — афзуд ӯ.
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






