Дар доираи ташаббуси «Тозагии соҳил-2022» соҳилҳои дарёи Ғунд тоза гардиданд

Апрель 17, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 17.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ташаббуси «Тозагии соҳил-2022»,  ки бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шуд, 1,2 км соҳили дарёи Ғунд аз партов тоза гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар ин ташаббус 70 нафар кормандони Сарраёсат ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ, хоҷагии ҷангал, Зоркӯл ва Парки миллӣ иштирок намуда, беш аз 1,5 метри мураббаъ партовҳои аз соҳили дарё ҷамъоваришударо ба партовгоҳи асосӣ интиқол доданд.

Ташаббуси «Тозагии соҳил-2022» бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо ва каналу ҷӯйборҳо  моҳи март дар Бадахшон оғоз гардида, дар рӯзҳои мусоид  вобаста ба вазъи обу ҳаво дар қаламрави вилоят  идома меёбад.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 17, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад