Дар Душанбе Форуми сармоягузорони Тоҷикистон ва Русия доир мегардад

Апрель 19, 2022 12:39

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрели соли равон дар Душанбе  Форуми сармоягузорони  Тоҷикистон  ва  Русия баргузор мешавад. Дар ин бора Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни  мулоқот  бо  Раиси палатаи савдо ва саноати шаҳри Санкт-Петербурги Русия Владимир Катенев изҳор намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот масоили дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мавриди зикр аст, ки  дар соли 2021ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия ҳудуди 1,3 миллиард долларро убур кард,  ки ин нишондод дар 10 соли охир рекордӣ мебошад. Дар баробари ин соҳибкорони ҷумҳурӣ ба Русия маҳсулот фиристоданд, ки арзиши он 72,5 миллион сомониро ташкил дода буд.

Ба гуфтаи Евгений Коренков, Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, содироти коло ба таври рекордӣ — 77 дарсад афзоиш ёфта, мизони он аз ҳаҷми замони қабл аз пандемияи коронавирус ҳам бештар гаштааст.

Дар баробари ин дар Русия меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин ашёи хоми Тоҷикистон бештар маъмул гаштааст. Содироти ин навъи молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар давоми сол 2,3 баробар афзуда, қариб 18 фоизи содиротро ташкил додааст.

Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  хабар дода  буд, ки дар ду моҳи аввали соли 2022 гардиши мол бо ИДМ қариб 50 дарсад афзоиш ёфтааст.

Хотиррасон мешавем, ки аз 12 то 15 апрели соли равон Сафири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор дошт.

                                               АКС: Сафорати ҶТ дар ФР

Апрель 19, 2022 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст
Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум мераванд
Дар шаш моҳ беш аз 199 ҳазор сайёҳ маконҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлобро тамошо намуданд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад