Дар Душанбе лоиҳаи Созишнома миёни Тоҷикистон ва Корея оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ мавриди муҳокима қарор гирифт

Апрель 20, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Дон Сок баргузор гардид, ки зимни он мусоҳибон доир ба таҳкими ҳамкории ду давлат дар бахши фаъолияти  гумрукӣ суҳбат намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусоҳибон дар радифи баррасии тақвияти ҳамкории гумрукӣ масъалаҳои баимзорасонии лоиҳаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва самаранокии истифодаи зернизоми Идораи таваккали  Низоми иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрукро матраҳ намуданд.

Баимзорасонӣ ва татбиқи ин санад ҳамкории мутақобилан судмандро густариш дода, барои содагардонии амалиёти воридотию содиротӣ, додугирифти маълумоти гумрукӣ, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, расонидани ёрии амалии мутақобила ва оғози лоиҳаҳои дигари кумакҳои техникӣ дар самтҳои фаъолияти гумрукӣ шароити мусоид фароҳам меорад.


Зернизоми Идораи таваккали Низоми иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук бо дастгирии молиявии Ҷумҳурии Корея таъсис ёфта, моҳи сентябри соли 2021 зимни сафари Комиссари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Лим Ҷэй Ҳён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба истифода дода шуд.

Дар айни замон зернизоми мазкур самаранок фаъолият намуда, барои ҷилавгирии вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

 АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад