Дар Конибодом корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҲХДТ ва навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр идома доранд

Апрель 29, 2022 11:36

ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом сохтмони бинои маъмурии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр бомаром идома дошта, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни   корҳои сохтмонии иншооти мазкур шинос гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд  хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки  сохтмони бинои маъмурии  Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар  шаҳри Конибодом соли 2018 оғоз ёфта,  90 дарсади корҳо дар иншооти мазкур  ба анҷом расидааст.  Бинои маъмурӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкорону ташкилотҳои ибтидоӣ бунёд шуда, маблағи лоиҳавии он беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинои мазкур  дар кўчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳр ҷойгир буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандони ҳизб шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Раиси вилоят ҳамчунин бо  корҳои навсозии Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр, ки  дар масоҳати 2000 метри мураббаъ ҷойгир аст,  шинос шуд. Навсозии  боғи  мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва соҳибкорон  амалӣ  гардида, дар ҳудуди  он  дар баробари бунёди фаввораҳо, суҳбаткадаҳо таҷҳизоти гуногун барои бозии бачагон васл карда мешавад. Корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти фарҳангӣ соли 2021 оғоз гардида, корҳои сохтмонии онро   ҶДММ “Архикад” ба зимма дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни  боздид барои татбиқи пурраи лоиҳа, бунёди иншооти ёрирасон ва дар маҷмуъ ташкили макони муосири истироҳатӣ ба сокинон ба масъулин супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 29, 2022 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад