Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷаласа доир шуд

Апрель 26, 2022 17:00

ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода вобаста ба содироти маҳсулоти кишоварзии тезвайроншаванда, бахусус пиёзи барвақтӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ иштирок намуда, зиёд намудани содироти пиёзи барвақтӣ аз вилояти Хатлон, мушкилоти ҷойдошта ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр шуд, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ- ин дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани содироткунандагони ватанӣ мебошад.

Зикр шуд, ки ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани қобилияти рақобатноки маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ бояд қарорҳои зарурӣ қабул карда шаванд.

 

 

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 26, 2022 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст