Дар Норак наваскаронро тантанавор ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи даъватшаванда — даъвати баҳории наваскарон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо иштироки раиси шаҳр Дилшод Асозода, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод зимни суханронӣ ба наваскарон барои хизмати хубу софдилона ба Модар-Ватан барору комёбӣ таманно намуданд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтару хубтар мегардад.
Дар маросими гусел падару модарони наваскарон, ҷанговарони башардӯст, собиқадорони меҳнат иштирок ва суханронӣ намуданд.



Ҷавононе, ки барои адои хизмати Модар-Ватан дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омада буданд, онҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фарогирифта шуда буданд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Норак ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон хоса насли ояндасози мамлакат пайваста чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешавад.
Дар ҷамъбаст барои болидаруҳӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Норак барномаи рангини консертӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳоди иштирокдорон гардид.
АКСҲО: МИҲД-и шаҳри Норак










Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






