ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар Тоҷикистон ба 300 оила кумаки башардӯстона расонида шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дасти ёрӣ дароз намудан ба қишри ниёзманди аҳолӣ имрӯз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар (ҶҲАҚ) ба 300 нафар дар шакли бастаи маводи хӯрокворӣ кумаки хайриявӣ расонид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази иттилоти ҶҲАТ хабар доданд.
Бастаи маводи хӯрокворӣ аз орд (50 кг), равғани растанӣ (3 л) ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал (16,4 кг) иборат буда, тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ ба Филиали ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон» (100 баста), Ассотсиатсияи дерматовенерологҳо ва косметологҳои Тоҷикистон (50 баста), Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан»-и ноҳияи Данғара (20 баста), Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ (20 баста), ноҳияи Рӯдакӣ (20 баста), ноҳияи Ёвон (20 баста), Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов (15 баста) ва ба 55 нафар шаҳрвандон дар асоси аризаи пешниҳодкардаашон расонида шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҶҲАҚ яке аз шарикони боэътимоди ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, дар доираи татбиқи лоиҳаи дигар рӯзҳои наздик расонидани кумаки башардӯстона дар шакли бастаҳои сару либос, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва кампалҳо ба 150 оила дар ноҳияҳои Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин ва Сангвор дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти башардӯстонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба хисоб рафта, ҷамъият дар ин самт ҳамеша барои дастгирии онҳо тадбирҳои саривақтӣ меандешад.
ДАР АКС: Ҷараёнти тақсими кумак ба нобиноён дар Филиали ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон». Акс: Маркази иттилоти ҶҲАТ












Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






