ДАР РАМАЗОН ИНФИҶОР ВА…ЧАШМОНИ АШКБОР. Бар асари ду таркиш дар Кобул беш аз 20 нафар мактаббачагон ҷон бохтанд
ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари чанд таркиши рӯзи 19 апрел дар Кобул дастикам 20 нафар кушта шуданд хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории маҳаллии «Aamaj News».
Бино ба гузориши шабакаи телевизионии «Кabul News», бо истинод ба шоҳидони айнӣ, бар асари таркишҳо дар Кобул дастикам 20 мактаббача кушта ё захмӣ шудаанд. Мақомоти Афғонистон дар бораи шумори қурбониёни таркишҳо то ҳол назаре ироа накардаанд.
Ба иттилои манбаъ, шумораи бештари қурбониён пас аз ду таркиши пай дар пай дар назди мактаби Абдулраҳим, дар қисмати ғарбии ин шаҳр ба қайд гирифта шудааст.
Аммо Холид Задрон, сухангӯи Департаменти амнияти Кобул дар робита ба ҳодисаи мазкур гуфтааст, ки “дар ҳоли ҳозир бар асари таркишҳо дар Кобул шаш нафар кушта ва 11 нафари дигар захмӣ шудаанд”.
Қаблан ӯ ҳамчунин хабар дода буд, ки дар пойтахти Афғонистон се таркиш ба амал омадааст. Ҳама таркишҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ рух додаанд.
Зикр карда мешавад, ки таркишҳо ҳангоми берун рафтани толибилмон аз бинои мактаб рух додаанд. Дар бораи сабаби таркишҳои дигар ҳанӯз маълумоте дар даст нест.
Ин дар ҳолест, ки имрӯз рӯзи 18-уми моҳи шарифи Рамазон аст ва бино ба таълимоти Ислом ин рӯзҳо бояд корҳои неку шоиста анҷом дода шаванд. Вале инак чандин сол аст, ки мо мебинем маҳз дар моҳи Рамазон террористони манқурттиннат ва дигар тундравони ба ном «исломӣ», ки худро мусалмон меҳисобанд, ба қатлу кушттори бемаънии ҳамдинону ҳаммазҳабон ва ҳаммилатони худ даст мезананд. Аз ҷумла як чунин амали террористӣ 20 ноябри соли 1979 , дар рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар наздикии муқаддастарин ҷои мусалмонон — масҷиди ал-Ҳарами Макка рух дода буд, ки бар асари он дастикам 255 нафар ҳалок гардиданд.
АКС аз манбаҳои боз








Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд






