Дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмуни квотаи президентӣ баргузор шуд
КӮЛОБ,11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмуни квотаи президентӣ доир гардид. Дар озмун намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Сарраёсати маорифи вилояти Хатлон ва масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Корманди шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Гулчеҳра Шомадова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бо иштироки 551 нафар ғолибони даври якуми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ аз рӯи 23 ихтисос 114 нафар ба даври дуюми озмун роҳ ёфтанд, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маориф комиссияи босалоҳият таъсис дода шудааст, шаффофияти озмунро дар рӯзи баргузорӣ назорат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки раванди озмун аз ҷониби намояндагони Раёсати маорифи вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва падару модарони довталабон низ назорат карда шуда, аз рӯи ҳар ихтисос то шаш нафар довталаб ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.
Муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Кӯлоб Сарвиноз Абдурасулова аз иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат миннатдорӣ баён намуда, афзуд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксари муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Кӯлоб бо тарзи замонавӣ ва шароитҳои зарурӣ сохта шудаанд. Ин хонандагонро водор сохтааст, ки ба хондан таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.
«Ин аст, ки аз муассисаи мазкур 8 нафар хонанда ба даври дуюми озмун роҳ ёфтанд. Кӯшиш менамоем, ки дар оянда ин теъдодро зиёд намоем» ,- афзуд Сарвиноз Абдурасулова.

Ёдовар мешавем, ки таъсиси квотаи президентӣ дар соли 1997 аз ҷониби Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми шоиста дар ин самт маҳсуб ёфта, имкон фароҳам сохт, ки духтарону писарон аз ноҳияҳои дурдаст бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дохил шуда, барои рушду инкишофи ҷомеа хизмати арзанда намоянд.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО:АМИТ «Ховар»








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






