Дар Тоҷикистон барои донишҷӯён-даъватшавандагон қоидаи нав ҷорӣ шуд

Апрель 26, 2022 11:43

ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Тоҷикистон, ки барои хизмати аскарӣ уҳдадоранд, имкон пайдо мекунанд пеш аз муҳлат имтиҳон супоранд. Дар ин бора Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода фармоиш  ба имзо расонд.

Тавре дар номаи ирсолшуда ба муассисаҳои олии кишвар гуфта мешавад, тартиби муқарраршуда барои гузаронидани имтиҳоноти ҳатмии пеш аз муҳлат ва аттестатсия ба донишҷӯёни курсҳои чорум ва панҷум, ки мехоҳанд дар сафи артиши Тоҷикистон хизмат кунанд, дахл дорад.

Қаблан дар Тоҷикистон хидмати алтернативии пулакӣ ҷорӣ шуда буд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, охири моҳи январи соли 2021 қонуне қабул шуд, ки тартиби нави хизмат дар артиши Тоҷикистонро дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ пешбинӣ мекунад. Ҳоло даъватшаванда метавонад бо пардохти 25,2 ҳазор сомонӣ ба хазина дар тӯли як моҳ аз омӯзишҳои низомӣ гузарад. Дар вақтҳои боқимонда ӯ чун захира ҳисоб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар 1 апрел оғоз шуда, ду моҳ идома меёбад — ба хидмати ҳарбӣ шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 даъват мешаванд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 26, 2022 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад