Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе барои бозӣ бо дастаи «Ал-Раён»-и Қатар омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё тамринҳояшро дар варзишгоҳи шаҳри Риёз доир карда истодааст. Ба ҳайати даста 20 футболбоз ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳо футболбозони ҷадиди ин бошгоҳ маҳсуб мешаванд,иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шомили гурӯҳи «А» буда, дар онҷо бо дастаҳои футболи «Ал-Шарҷа», «Ал-Ҳилол» ва «Ал –Раён» рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд. 8 апрел, соати 22:15 ба вақти Душанбе дар доираи бозиҳои даври аввали гурӯҳи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Ал-Раён» аз Қатар сабқат мекунад.
Капитани дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов қабл аз бозӣ бо дастаи «Ал Раён»-и Қатар гуфт, ки «мо хело хурсандем, ки дар инҷо қарор дорем ва бесаброна оғози мусобиқаро интизорем. Мо ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ омодагии хуб дидаем ва боварӣ дорем, ки он ҳатман натиҷа медиҳад. Вазъи бозигарон хеле хуб аст. Ҳама ба таври ҷиддӣ ба вохӯриҳо омодаанд. Имсол сарфи назар аз он ки комилан ҳайати даста нав шуд, албатта, вазифаи ҳар кадоми мо ин аст, ки аз гурӯҳ бароем».
Хотиррасон мекунем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе шомили гурӯҳи «А» буда, 8 апрел бо дастаи «Ал-Раён»-и Қатар аввалин вохӯриашро доир мекунад.
Бозӣ дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.
АКСҲО: ФФТ








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






