ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Дар даҳ рӯзи аввал ин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба қадри 40 фоиз таъмин шуд

Апрель 12, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз якуми апрел дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, аллакай давоми даҳ рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ 40 фоизро ташкил дод, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре иттилоъ дода шуд, чор соли охир аст, ки миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон иҷрои нақшаро ба 100 фоиз баробар менамояд.

Давоми даҳ рӯзи идомаи чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор нақшаи даъватро ба итмом расонида, иҷрои нақшаро дар қаламрави ин вилоят ба 40 фоиз баробар намудаанд.

Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ ин маъракаи муҳими сиёсӣ муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар вилоят давоми даҳ рӯз  27 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рӯзи оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша давоми даҳ рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 47,3 фоиз баробар буда, аллакай шаҳру навоҳии Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод аз анҷоми он гузориш доданд.

Дар ҷараёни даҳ рӯзи чорабиниҳои даъватӣ дар комиссариатҳои ҳарбии чаҳор навоҳии пойтахт иҷрои нақша 42 фоизро ташкил медиҳад.

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Апрель 12, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид