Доир ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» машварати илмӣ-назариявӣ доир шуд

Апрель 8, 2022 14:15

ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода, намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»  машварати илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Вазорати рушди иқтисод ва савдо фаъолияти худро тибқи муқаррароти моддаҳои 8 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», яъне дар самти барномаҳои рушди иҷтимоию  иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ мондааст, иброз намуд сардори Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаррух Файзуллозода.

Мавсуф  ҳамчунин изҳор намуд, ки  вазорат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018,  «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбиии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақоми ваколатдор буда, барномаҳоро бо дарназардошти ҳадафу афзалияти ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025 ва Ҳадафҳои рушди устувор дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ мавриди мониторинг ва арзёбӣ қарор медиҳад.

Бо мақсади мутобиқ намудани барномаҳои нави рушд ба ин Тартиб ва ҳамоҳанг сохтани онҳо ба ҳадафу афзалияти муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат гурӯҳҳои кории байниидоравӣ ҷиҳати расонидани кумаки методӣ дар таҳияи барномаҳои нави рушд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, ба мутахассисони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба таҳияи барномаҳои рушди маҳал кумаки методию машваратӣ мерасонанд.

Мақсади асосии барномаҳои қабулгардида- таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар асоси коркарди маҳсулоти саноатӣ, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва бо ин роҳ боло бурдани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.

Ҳадафу афзалияти муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат дар ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар маҳал тавассути барномаҳои минтақавӣ амалӣ карда мешавад.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки айни замон дар кишвар 65 барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳия гардида, мавриди амал қарор гирифтаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2022 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуд