ДУШАНБЕ, ИН ГУЛАФШОНАТ МУБОРАК! Сайре ба боғҳои шаҳр дар Рӯзи пойтахт

Апрель 16, 2022 08:44

ДУШАНБЕ, 16.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии  шаҳри Душанбе  пиру барно  баҳри  таҷлили  Рӯзи пойтахт, ки   ҳамасола шанбеи сеюми  моҳи апрел таҷлил мегардад, ҷамъ омадаанд. Бо истифода аз ин  фурсат   наметавон аз  зебогии   боғҳои камназир ва гулгаштҳои дилрабои пойтахт,  фаввораҳои зебою дилфиреб, гулу буттаҳои рангорангу назаррабо, дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороишии он нагуфт. Зеро Душанберо беҳуда боғшаҳр ном намебаранд. Имрӯҳо боғҳо ва гулгаштҳои Душанбе   ба маконҳои писандида ва сайру саёҳати  сокинону сайёҳони пойтахт табдил ёфтаанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро шарҳ медиҳад.

Тибқи иттилои масъулин,  давоми солҳои охир дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардидааст. Инчунин ду амфитеатри нав дар заминаи боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавриди баҳрабардории сокинону меҳмонон қарор дода шуд.

Бо дастгириву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар  боғҳои фарҳангию фароғатӣ   барои истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт  шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бештари боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт, ки ба номҳои бузургони миллати тоҷик гузошта шудаанд, бори дигар аз эҳтиром ва арҷ гузоштани халқи тоҷик ба гузаштагони худ дарак медиҳанд.

Аз ҷумла, боғҳои ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Алишер Навоӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Ҷавонон, Нав­рӯзгоҳ, Хайём ва Восеъ бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат таъсис дода шуда, боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ирам, Кӯли ҷавонон, Боғи кӯдакон, Ғалаба, гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагон ва дигар хиёбонҳо баъди нав­созӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Сокинони пойтахт ҳатто шабҳангом дар ин боғу хиёбонҳо сайру гашт намуда, хастагии худро бартараф месозанд.

Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»

Ин боғ бо бинову иншооти зиёд, аз ҷумла мақбара ва муҷассамаи устод Айнӣ, бинои Амфитеатр, айвону нишастгоҳҳо ва фаввораҳо бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз гардонида шуда, аз ду даромадгоҳ: асосӣ ва ҷанубӣ иборат аст.

Дар баробари ворид гардидан ба ин боғ аз тамошои гулу майсазор ва дарахтони ҳамешасабзи он ҳар шахс  ҳаловат мебарад. Дар ин боғ ҳамарӯза пиру ҷавон, кӯдакону наврасон сайр намуда, хастагии худро бартараф менамоянд.

ДАР АКС: Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ

Дар он ба хотири ташкилу ба роҳ мондани барномаҳои консертӣ, маҳфилҳои ҳунарию эҷодӣ ва ғайра Амфитеатр сохта шудааст.

Иншооти мазкур дар масоҳати 2 ҳазору 540 метри мураббаъ сохта шуда, дорои 1600 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои кории ҳунармандон ва қаҳвахона мебошад.

«Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»

Масоҳати умумии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст.

Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз ду даромадгоҳ – даромадгоҳҳои шимолӣ ва ҷанубӣ иборат буда, аз ҷониби меъморон бо санъати баланди миллӣ бунёд шуда, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ҷалб месозад.

ДАР АКС: Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ

Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» Маҷмааи фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Маҷмаи мазкур дорои 15 намуд аттраксионҳо буда, аз даромадгоҳ то дохили он ба таври муназзам ва диққатҷалбкунанда дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шудаанд, ки ба макони дилфиреби истироҳати кӯдакону наврасон ва дар маҷмӯъ, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе табдил гардидааст.

Намои зоҳирии аттраксион ва таҷҳизоту дастгоҳҳои истироҳатии ин маҷмаа шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабо мебошад. Чароғҳои гуногунранг ва даврзананда намои Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”-ро ниҳоят дилфиребу назаррабо гардондаанд.

Дар идомаи ин маҷмаа ҳамчунин дигар намуди майдончаҳои варзишӣ ва дилхушӣ, аз қабили роллердром, скейтбозӣ, толори яхмолакбозӣ мавҷуданд, ки намудҳои муосири варзишу бозиҳои муфид мебошанд.

Боғи Ирам

Боғи Ирам, ки дар шимолу шарқи Душанбе, дар соҳили чапи дарёи Варзоб (дар баландии 830 метр аз сатҳи баҳр) ҷойгир шудааст, бо долу дарахтон, майсазорони  сарсабз, гулҳои шукуфону гулгаштҳои чароғон ва фаввораҳои гуногуншакли ранга бисёр зебо, дилнишин ва роҳатафзо мебошад ва ҳамарӯза ҷолиби диққати сокинону меҳмонони дохилию хориҷӣ, бахусус кӯдакону наврасон гардидааст.

ДАР АКС: Боғи Ирам

Ҳоло боғ дар масоҳати 40 га доман густурда, дар он зиёда аз 4400 намуди рустанӣ,  аз ҷумла навъҳои гуногуни гули садбарг, 120 намуди ёс), 1500 намуди рустаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ, 70 намуди рустаниҳои обӣ, зиёда аз 800 намуди гиёҳҳои ороишӣ парвариш меёбанд.

Боғи «Куруши Кабир»

Дар ин боғ ҳамарӯза сокинону меҳмонони пойтахт дар зери дарахтони сояфкан нишаста, аз накҳату таровати гулҳо ва ҳавои тозааш баҳравар мегарданд. Боғи «Куруши Кабир» қариб 5 гектарро ташкил дода,  аз  22 даромадгоҳи хурд ва 4 даромадгоҳи калон, ки дутояш бо фаввораҳо ороиш ёфтааст, иборат мебошад. Дар ду тарафи боғ амфитеатрҳо бо фаввораҳо сохта шудаанд, ки барои гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ омода мебошанд.

Ғайр аз ин барои гашту гузор ва истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳҳо сохта шудаанд.

Баҳри дилхушии кӯдакон чор майдончаи бозӣ бо насби таҷҳизоти махсус фароҳам аст.

ДАР АКС: Боғи «Куруши Кабир»

Бояд тазаккур дод, ки дар пойтати азизамон- шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз боғу гулгаштҳои назаррабо зиёд гардида, ҳар бинандаро мафтун менамоянд. Ин ҳама навсозиву ободонӣ ва пешравиҳои пойтахти азизамон аз заҳмату корнамоиҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳодат медиҳанд.

Тавре мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шералӣ Раҳмонов иброз дошт, бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррам гардонидани кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва мавзеъҳои сабзазори шаҳри Душанбе қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 сентябри соли 2021 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию  сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022” ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур, дар ин давра шинонидани 263 ҳазору 644 бех дарахту буттаҳо ва 12 миллиону 305 ҳазору 082 дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва ташкил намудани майсазор (газон) дар масоҳати 739 ҳазору 25,2 метри мураббаъ ба нақша гирифта шуд. Дар ин раванд дар кӯчаю хиёбонҳо ҳудуди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо ба миқдори  296 ҳазору 581 бех дарахту буттаҳо шинонида шудаанд.

Имрӯз Душанбе воқеан ба шаҳри афсонавӣ мубаддал шудааст.

Тавре шоир Камол Насрулло  гуфтааст:

Душанбе, ин гулафшонат муборак!
Биҳишти сабзи домонат муборак!

Ҳама нахлу гули дунё ватан ёфт
Дар ин марзи пурэҳсонат, муборак!

Зи чашми тифлаконат нур борад,
Чароғони фурӯзонат муборак! 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Апрель 16, 2022 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст