ФУТБОЛ. Бозиҳои даври дуюми мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 8 апрел бозиҳои даври дуюми мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегарданд, ки то 10 апрел идома меёбанд. 8 апрел дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, 9 апрел «Истаравшан»-и шаҳри Истарвашан бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, 10 апрел «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод ва КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода миёни ҳам вомехӯранд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила доир мегардад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи даҳ даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифта нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натиҷаи марҳилаи аввал панҷ дастаи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум дар ҷадвали мусобиқа талош меварзанд. Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6-ум то 10-ум ва нигоҳ доштани мавқеашон дар Лигаи олӣ мубориза мебаранд, ду дастаи ҷойҳои охир ба Лигаи аввал мегузаранд. Дар маҷмӯъ, ҳар даста дар мусобиқаи имсолаи чемпионати Тоҷикистон ҳамагӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 1-3 апрел бо чор бозии даври якум мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардид. Дар даври аввал чордаҳ гол зада шуд. Ҳисоби калон дар бозӣ миёни дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шуд. Футболбозони истаравшанӣ ба дарвозаи дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ 5 голи беҷавоб заданд. Муаллифи голи аввалин дар мавсими 2022 легионери камерунии «Истаравшан» Мбеке Сиябатчу Деудонӣ гардид.
Бозӣ миёни ду дастаи нави Лигаи олӣ – «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт.
Дар бозиҳои дигар дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бар «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Чемпионати Тоҷикистон-2022
Лигаи олӣ. Даври 1-ум
2-юми апрел (шанбе)
«Файзканд» — «Истаравшан» 0:5
Голҳо: Мбеке Сиябатчу Деудони, 35 (0:1). Отабек Зокиров, 57 (0:2). Мбеке Сиябатчу Деудони, 69 (0:3). Отабек Зокиров, 78 (0:4). Амирҷон Сафаров, 82 (0:5).
«Регар-ТадАЗ» — «Равшан» (Зафаробод),2:2
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 46 (1:0). Бехрӯз Дустмуродов, 54 (1:1). Бахтиёр Зарипов, 55 (1:2). Фаридун Давлатов, 90+1 (2:2).
Бозии «Истиқлол» — КМВА ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд.
3-юми апрел (якшанбе)
«Эсхата» — «Хуҷанд», 1:0
Гол: Шаҳзод Абдураҳимов, 90+3.
«Хатлон» — «Равшан» (Кӯлоб), 3:1
Голҳо: Тоҳирҷон Тағойзода, 7 (1:0). Парвиз Баки-Ахунов, 21 (2:0). Хайриддин Турахонов, 69 (3:0). Абдухалил Боронов, 77 (3:1).
Чемпионати Тоҷикистон-2022
Лигаи олӣ. Даври 2-ум
8 апрел (ҷумъа)
«Эсхата» – «Файзканд»
9 апреля (шанбе)
«Истаравшан» – «Хатлон»
10 апреля (якшанбе)
«Хуҷанд» – «Равшан» (Зафарабад)
КМВА– «Регар-ТадАЗ»
АКС: ФФ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






