ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки аз 3 то 8 май дар Македонияи Шимолӣ баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар шаҳри Скопе дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо дастаҳои Македонияи Шимолӣ (3 май), Гондурас (5 май) ва Косово (8 май) бозӣ мекунад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад.
Баъди анҷоми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Македонияи Шимолӣ дастпарварони Зайниддин Раҳимов ба Душанбе бармегарданд ва дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола, ки аз 11 то 21 май дар назар аст, иштирок мекунанд.
Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
3 май (сешанбе)
19:00 – Македонияи Шимолӣ – ТОҶИКИСТОН
19:00 – Косово – Гондурас
Даври 2
5 май (панҷшанбе)
19:00 – Гондурас – ТОҶИКИСТОН
19:00 – Македонияи Шимолӣ – Косово
Даври 3
8 май (якшанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН – Косово
20:00 – Македония – Гондурас
Эзоҳ: оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.
АКС: ФФТ








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






