ХИЗМАТ БА ВАТАН МАРОМИ ДЕРИНАИ МОСТ. Дар Кӯлоб наваскаронро ба хизмати содиқона баҳри ҳифзу марзу буми Тоҷикистон гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони 2700-солагии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб маросими ботантанаи гусели баҳории ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Дар ҳамоиш раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, кормандони комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидайн ва ашхоси касбу кори гуногун иштирок карда, наваскаронро ба хизмати содиқона баҳри ҳифзу марзу буми мамлакат гусел намуданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода изҳор намуд, ки «тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар яки мо, сокинони мамлакат, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, водорамон месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии мамлакат маншаъ мегирад. Ҳар тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат барои ҷавонони мамлакат дарси шуҷоату мардонагӣ буда, дарки баланди инсондӯстӣ ва муносибати хуби одамгариро меомӯзонад. Ҳар ҷавони имрӯза хуб медонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили аслии сулҳу субот ва амнияту якпорчагии мамлакат мебошанд. Пас на танҳо дар забон, балки дар амал бояд тамоми неруи худро ба он равона созем, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем».


«Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар давлати соҳибистиқлол Қувваҳои Мусаллаҳи он мебошанд. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ давлат наметавонад бидуни он истиқлоли комили худро таъмин намояд ва Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст»,- изҳор дошт Бахтиёр Назарзода.
Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд, раиси шаҳр ба наваскарон саломатӣ, хушбахтӣ ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан саодату комёбӣ ва барору музаффарият таманно намуд.
Баъдан маросими мардумии «Нонгазон» аз ҷониби модарони даъватшудагон баргузор шуд. Барномаи ҷолиби консертии фарҳангиёни шаҳри Кӯлоб ба ҷамъомад шукӯҳу шаҳомати хосса бахшид.
АКСҲО: бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






